Арабские поэтические заимствования в касыдах Носира Хусрава тема диссертации и автореферата по ВАК РФ 10.01.03, кандидат наук Сафаров, Лутфулло Абдусаломович

  • Сафаров, Лутфулло Абдусаломович
  • кандидат науккандидат наук
  • 2013, Душанбе
  • Специальность ВАК РФ10.01.03
  • Количество страниц 173
Сафаров, Лутфулло Абдусаломович. Арабские поэтические заимствования в касыдах Носира Хусрава: дис. кандидат наук: 10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (с указанием конкретной литературы). Душанбе. 2013. 173 с.

Оглавление диссертации кандидат наук Сафаров, Лутфулло Абдусаломович

Мундарича

Мукаддима.................................................................................3

Боби I. Заминахои таъсири фархднгу адаби арабй-исломй дар

шеъри Носири Хусрав.............................................................12

1.1. Вазъи забон ва адаби арабй дар замони Носири Хусрав................12

1.2. Заминахои таъсири забону адаби арабй-исломй дар

касоиди Носири Хусрав........................................................30

Боби II. Шаклхои истикболи поэтикам шеъри араб дар касоиди

Носири Хусрав....................................................................48

II. 1. Муносибати Носири Хусрав бо шоирон ва донишмандони араб ... 48

11.2. Истикболи мазомини муштараки амсолу ашъори арабй ва образной бадей дар касоиди Носири Хусрав.....................................................62

11.3. Истикболи оёту ах,одис.......................................................................77

11.4. Истикболи ахбору касас ва асотири арабй-исломй дар касоиди Носири Хусрав....................................................................................87

Боби III. Унсурхои шаклии поэтикаи араб дар касоиди Носири Хусрав ... 108

111.1. Истикболи шакл ва устухонбандии касидаи арабй....................108

111.2. Авзони арузии арабй ва тарзи кофиясозй...............................125

111.3. Шакли зох,ирии ^арфх,ои арабй................................................144

Хулоса.................................................................................... 153

Фехристи адабиёт......................................................................159

Рекомендованный список диссертаций по специальности «Литература народов стран зарубежья (с указанием конкретной литературы)», 10.01.03 шифр ВАК

Введение диссертации (часть автореферата) на тему «Арабские поэтические заимствования в касыдах Носира Хусрава»

Мукаддима

Мусаллам аст, ки робитахои фар^ангии миёни арабх,ову эрониён таърихи хеле тулонй дошта, огози он хднуз аз замони Хдхоманишиён реша гирифтааст. Дар ин даврон марказхои бузурги тамаддуни арабй аз кдбили Яман, Бахрайн, Хира ва Х,ичоз ногузир зери таъсири сиёсат ва фархангу тамаддуни императории Эрон буданд ва ва аз ин хотир алфозу ибороти зиёди форсй вориди забони арабй гардидаанд, ки иддае аз онх,о дар К,уръон низ дида мешавад (146, 35). Чунин равобит миёни арабх,ову эрониён дар ахди Сосониён низ идома доштааст ва далели возехи он ахбори маъхазхои адабй-таърихй дар бораи тарбият ёфтани Бахроми Гур дар каламрави бочгузори Сосониён амири Х,ира, Нуъмон ибни Мунзир ва шеъри арабй гуфтани у (39, 63) ва робитаи шуарои ахди чохдлияти араб Аъшо ибн К^айс ва Нобига аз-Зубёнй ба дарбори Хусрави Парвиз хисоб меёбад.

Равобити фархангии Арабу Ачам ва таъсири мутак,обилаи он ба якдигар, алалхусус, замоне вусъат пайдо кард, ки бо таъсиси хукумати Аббосиён фархднги сирф арабии то даврони умавй ба як тамаддуни муштараки арабй-исломй табдил ёфт. Ин тамаддун, ки бузургтарин маркази он Багдод буд, мероси фарх,ангии дунёи кддимро, аз кабили Эрону Юнону Х,инду Араб пазируфта, фарх,анги муштараки оламгире ба вучуд овард, ки дар тахаввули он тамоми халкхои тобеи хилофат ва аз ч;умла эрониён ширкати фаъолона доштанд ва дар баробари ворид намудани суннатх,ои кадими эронй дар ин фарханг, дар навбати худ, аз суннатхои фархднгии он низ таъсир пазируфтаанд.

Дар ахди Сомониён ва Газнавиён хам, ки замони ташаккул ва тахаввули адабиётти нави форсии дарй махсуб мегардад, фарханги арабй-исломй барои шоирону нависандагон, донишмандону муаррихон ва намояндагони азуш адаби Эрон аз чумлаи сарчашмахои мухими шеъру адаби форсй ва эч;одиёти суханварони алохидаи он будааст.

Омузиши равобити фардангии Арабу Ачам, тахдики маъхазх,ои арабии ташаккул ва тахдввули адабиёти форсии дари ва малому дарачаи таъсири сарчашмадои арабй дар эчодиёти намояндагони алодидаи он яке аз масъаладои мух,ими таърихи адабиёт буда, чанбадои зиёди он хднуз мавриди тахдилу баррасии илмй карор нагирифтааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи таъсирпазирй аз поэтикаи шеъри араб дар ашъори Саъдй, Манучехрй, Масъуди Саъди Салмон, Шайх Аттор, Чдлолиддини Румй дар осори илми-тадкикотии баъзе донишмандони Эрон, Точикистон, Х,инд Русия ва дигар мамолики шарку Fap6 то хадде мавриди баррасй карор гирифтааст (36; 38; 136; 97). Бо вучуди ин хануз чанбах,ои ин таъсир дар эчодиёти аглаби шуарои форсигу тахдиди илмй нагардидааст. Аз чумлаи ин шоирон Х,аким Носири Хусрави К^убодиёнист, ки дар эчодиёти у истикболи унсурдои поэтикаи шеъри араб макоми хос дошта, яке аз вижагих,ои ашъори уро ташкил медихдд. Х,арчанд ки дар адабиётшиносй ва эроншиносии гузаштаву муосир дойр ба Носири Хусрав ва эчодиёти у асарх,ои зиёди илмй-тадкикотй ба вучуд омадаанд, вале тахдики адабиётшиносии масъалаи истикболи унсурх,ои поэтикаи шеъри араб дар ашъори у мавриди тахдилу тадкики х,амачониба ва монографй карор нагирифтааст.

Тахдики илмии ах,вол ва осори Носири Хусрав аз охирхои асри XIX огоз ёфта, дар ин мархдла пажу^ишгарони шаркиву гарбй асосан дар робита бо таърихи исмоилия ва давлати Фотимиён, масъалах,ои фалсафаи мазхдби исмоилия ба эчодиёти Носири Хусрав низ таваччух, дохир кардаанд. Яке аз нахустин мух,аккикони афкори фалсафии Носири Хусрав шаркшиноси мух,очири рус дар Х,инд В. А. Иванов мебошад, ки дар китобхои худ «Ч,у стучу до дар марх,алахои аввали исмоилияи форсй» ва «Носири Хусрав ва имсоилия» андешадои худро дойр ба фалсафаи Носири Хусрав издор намуда, ба ин мутафаккири бузурги Шарк аз нигоди мугризона ва мутассибона бадо додааст. Аз чумла, ба кавли у андешах,ои фалсафии Носри Хусрав «бисёр гайридунармандона, хом ва мамлу аз масоили гайризарурй буда, дар он нишоне аз нубуг ё асолат ба

чашм намехурад ва *ама хастакунанда ва такрори вокеиёти маъмулй ва орй аз латофат аст» (176, 36).

Минбаъд таассубомез ва ноодилона будани бадои А. Ивановро ба афкори фалсафии Носри Хусрав А. Е. Вертеле дар китоби худ «Носири Хусрав ва исмоилия», ки соли 1959 дар Маскав ба табъ расидааст, исбот намуда, нащпи муассири уро дар таърихи мазхдби исмоилия ва фалсафаи он нишон додаст (56). Дар хамин давра исломшиноси фаронсавй Анри Корбэн бо хдмкории Мухаммад Муин китоби «Ч,омеъ-ул-:щкматайн»-и Носири Хусравро бо мукаддимаи форей ва фаронсавй чоп намуда, дар асоси он тарх ва усули фикрии фалсафаи уро тахлилу баррасии бегаразонаи илмй менамояд. А. Корбэн низ адидаи В. Ивановро рад намуда, ба хулосае меояд, ки Носир Хусрав «хар чй бошад хам, нависандаи дилгиркунанда нест ва сатрх,ои фасли аввали «Ч,омеъ-ул-хикматайн» намудори як набарде аз рукуду заволи фалокатбори фарханг дар зери фишору таассуби динй аст, ки Хуросон чавлонгохи он будааст» (91,63).

Дар асарх,ои тадкикотии Семенов А. А. «Носири Хусрав дар бораи чахони маънавй ва моддй» (128) ва «Ихтилофот дар таълимоти исмоилиёни Помир ва Носири Хусрав дар таълимот оид ба интиколи руд» (129) низ масъалахои чах,онбинй ва арзишх,ои илмии афкори фалсафии Носири Хусрав арчгузорй шуданд. Дойр ба тахдики масъалахои фалсафй ва ахлок;ии эчодиёти Носири Хусрав дар асархои Григорян С. Н., Строева Л. В., Игнатенко А. А., Дафтари Ф., Сайфи Озод Абдуррадмон (68; 132; 88; 72; 125)ва дигарон низ дар партави тахдики фалсафаи Шарк ва давлати Фотимиён мулохизахои арзишманд изхор карда шудаанд.

Аз солхои панчохуми асри бистум ба баъд дар Точикистон тахдики чахонбинй ва афкори фалсафиву ахлокии Носири Хусрав хеле вусъат ёфта, дар ин самт рисолахои илмй ва осори тадвдщотии А. С. Эдельман, В. В. Никитина, А. Шохуморов, Е. А. Ашуров, Н. Арабзода Т. Муродова, X. Додихудоев ба вучуд омаданд, ки дар онх,о масъалахои

чадонбинии Носири Хусрав, назарияи маърифати у ва амсоли ондо баррасй гардидааст.

Тадкикд адабиётшиносй ва матншиносии адвол ва осори Носири Хусрав дар Точикистон дар ду самт чараён гирифтааст. Самти нахуст тадия ва нашри осори уст, ки аз нимаи дуюми асри бистум вусъат ёфтааст. Яке аз нахустин чопхои мукаммали осори Носири Хусрав дар Эрон девони ашъори уст, ки соли 1304-1307 дар Тедрон бо тасдеди Насруллоди Такавй анчом пазируфтааст. Нашрдои дигари девони Носири Хусрав солдои 1375 бо танзим ва намунахонии Чддонгир Мансур, соли 1379 бо тасдеди Мучтабо Минавй дар Техрон ва соли 1366 д. Дар Кобул бо тасдеди Мучтабо Минавй ва Махдии Мудаккик ба табъ расидаанд.

Дар Точикистон яке аз нахустин чопдои ашъори Носири Хусрав «Гулчине аз девони ашъор» аст, ки соли 1957 дар тадияи К. Айнй ба табъ расидааст. Аз чумлаи чопдои нисбатан мукаммали ашъори Носири Хусрав китоби «Куллиёти Носири Хусрав» мебошад, ки соли 1991 бо тадияи А. Девонакулов чоп шудааст (21). Соли 2003 ба муносибати чашни 1000-солагии Носири Хусрав куллиёти сечилдаи у дар тадияи А. Алимардонов, А. Девонакулов, Н. Амиршодй, Ф. Бобоев (20) ба табъ расонида шуд, ки аксари кулли мероси манзуми шоирро фаро гирифтааст. Пас аз шаш соли ин чоп, яъне соли 2009 бо тадияи А. Алимардонов ва Н. Амиршодй «Девони ашъор»-и Носири Хусрав дар ду чилд чоп шуд, ки ашъори дар колабдои гуногуни шеърй гуфтаи шоир ва маснавидои «Рушноинома» ва «Саодатнома»-ро дар бар гирифтааст (17; 18).

Бо вучуди ин нашрдои зикршудаи осори Носири Хусрав аз садву галатдои чопй ва мантикй холй нестанд ва зарурати анчом додани чопи илмй-интикодии девони у то имруз бокД мондааст.

Аз чумлаи донишмандоне ки дар тадкики адабиётшиносй ва матншиносии ашъори Носири Хусрав садми муассир гузоштаанд, Маддии Мудаккик дисоб меёбад. Дар асардои ба ин мавзуъ бахшидаи у

«Шарх,и ей дасидаи Носири Хусрав», «Тахдили ашъори Носири Хусрав», «Шарх,и бузурги девони Носири Хусрав» масъалах,ои шархи адабии касоиди шоир, таъсирпазирии у аз оёти куръонй ва аходиси набавй бори нахуст дар адабиётшиносии Эрой ва хоричи он ба таври муфассал тахдилу баррасии илмй гардидаанд (110; 139; 164). Асари дигаре, ки ба тахдиди адабиётшиносии ашъори Носири Хусрав бахшида шудааст, китоби донишманди Эрон Алии Даштй «Тасвире аз Носири Хусрав» мебошад, ки дар он масъаладои сабки шеъри Носири Хусрав, васфи табиат дар ашъори у, мавзуи хирад ва х,икмат дар шеърхои вай тахдик, гардидаанд (141).

Ч,анбахои мухталифи зиндагй ва андешах,ои ичтимоиву ахлокии Носири хусрав ба хайси шоири чахонгард, ифшогари мук,сонхои ичтимоии чомеа, мубаллиги таълимоти мазхаби исмоилия дар асархои мухакдикони Эрону Афгонистон, Точикистон ва кишвархои дигар аз дабили Е. Э. Бертелс, Абдулваххоб Мах,муди Тарзй, Алисе Х,ансбергер, Рах,ими Мусулмониён, Абдудодир Маниёзов, Худой Шарифов, Абдулхусайни Зарринкуб, С. Х^алимов, М. Оташй ва дигарон муфассал барраей гардида, хулосаи мухаккидони мазкур ба тахдили мулохизахои худи Носири Хусрав, ки аз ашъори у бармеоянд, асос ёфтааст.

Мулох,изахои арзишманди адабиётшиноей дойр ба рузгору осори Носири Хусрав инчунин дар китобхои таърихи адабиёти Чдлолиддини Х,умой, Ризозода Шафак;, Эдуард Браун, Забехуллохи Сафо, Ян Рипка, Е. Э. Бертелс, Г. Эте, И. С. Брагинский, М. Занд ва дигарон низ издор гардидаанд.

Дойр ба тахкиди таъсири поэтикаи араб ба шеъри Носири Хусрав кабл аз дама асари маъруфи донишманди Эрон доктор Мавдии Мухадкик; «Тахлили ашъори Носири Хусрав»-ро бояд хотирнишон намуд. У аз зумраи нахустин донишмандонест, ки фаъолияти илмии хешро ба тахдили шархи дасоиди Носири Хусрав ва таъйини маъхазхои арабии ашъори вай бахшидааст (110).

Китоби дигаре, ки мустакиман бо мавзуи рисолаи мо иртибот дорад, тадкикоти Точиддин Мардонй «Носири Хусрав ва фарданги арабизабон» аст, ки дар он масъаладои шардидолии Носири Хусрав, муносибати у бо шоирон ва файласуфони арабизабон, тарчумадои адабии ашъори вай ва амсоли ондо баррасии илмй гардидааст. Доктор Т. Мардонй нахустин мудакдики точик аст, ки андешаи тозаро дар бораи на зану мард, балки ду зан будани Даъд ва Рабоб ва ба Абулало ал-Мааррй дахл доштани байти Носири Хусравро ба миён гузоштааст (136).

Ба тахдики таъсири унсурдои поэтикаи араб дар шеъри Носири Хусрав фасли алодидаи рисолаи доктории А. Абдусаттор низ бахшида шудааст, ки дар он баъзе мулодизадои муаллиф дойр ба истикболи мазомини муштарак ва амсолу касаси арабй-исломй дар касоиди шоир издор гардидаанд (37).

Ишорадои алодида дар бораи истикболи мазомини амсолу ашъори арабй, оёти куръонй ва адодиси набавй дар шеъри Носири Хусрав дар «Мазомини муштарак дар адаби арабй ва форсй»-и Сайид Мудаммади Домодй (97), «Таъсири Куръон ва адодис дар адаби форсй»-и Алиасгари Хдлабй, «Баррасии нуфузи абёт ва ибороти арабй дар мутуни адаби форсй»-и Х^усайни Факедй (162) ва амсоли ондо низ ба мушодида мерасад.

Тадлили осори илмй-тадкикотии ба мавзуи рисолаи мо бахшидашуда ба он далолат мекунад, ки то дол дар адабиётшиносии каламрави чамодири собик Иттидоди Шуравй ва хоричи он тадкикоти чомее ба вучуд наомадааст, ки масъаладои таъсирпазирии Носири Хусравро аз поэтикаи шеъри араб ба таври чомеъ ва монографй тадлилу баррасй намуда бошад.

Тадкики чунин мавзуъ дар як асари алодида ва чамъбасткунанда дорой адамияти назарй ва амалист, зеро таъйину тавзеди масъаладои мухталифи марбут ба ташаккулу тадаввули адабиёти форсй, аз кабили шинохти маншаву маъхаздои аслй ва фаръии он, тадаввули мавзуоту анвои адабй, сабку услуби баёни шеър, арузу бадеъ, кофия, тадаввули

долабдои шеърй ва таърихи ташаккули онх,о ва дигар мушкилоти марбут ба маъхаздои арабии шеъри форси мусоидат карда метавонад. Таъйиди худи хамин як нукта кофист, ки бе шинохти маъхазх,ои арабии адабиёти классикии форсй ва маншаи мазомини онхо шарху тафсир ва дарки мазмуни аслии шеъри форсй амрест мух,ол ва хатто имконнопариз.

Натичах,ои тахдиди исти^боли шеъри араб дар дасоиди Носири Хусрав ва баррасии равобити муштарак миёни адабиёти арабй ва форсй ва дар ин рисола дар мисоли эчодиёти Носири Хусрав хам барои адабиётшиносии арабй ва х,ам форсй ахдмияти баробари илмй дорад. Маводи тахдик ва хулосах,ои ношй аз он метавонад дар таълифи таърихи адабиёти арабй ва форсй истифода карда шавад. Хдмчунин натичахои чунин таядикро метавон чун маводи таълимй дойр ба таъсирпазирии адабиёти форсии асрхои X-XI аз унсурхои поэтикаи араб дар муассисахои таълими олй ва мутавассита истифода намуд. Натоичи чунин таддик;от ба мудаедикони таърихи адабиёти Арабу Ачам ва муаллифони васоиту дастурх,ои таълимй дойр ба таърихи адабиёт ва рузгору осори Носири Хусрав низ мусоидат карда метавонад.

Бо назардошти ин хама мо тасмим гирифтем, ки дар ин рисола бори нахуст дар адабиётшиносй ва шаркшиносй чанбахои мухталифи таъсири поэтикаи арабро дар мисоли дасоиди Носири Хусрав ва дар киёс бо шуарои мадехдсарои муосири у мавриди баррасии хдмачонибаи илмй дарор дода, истик;боли оёту ахддис, мазомини, амсолу ашъори арабй, образной шеърй, вазну кофия, радиф ва амсоли онхоро дар касоиди шоир таъйин намоем.

Дар ин рисола, ки аз се боби алохида ва фаслхои марбут ба онхо иборат аст, саъй намудем, ки вазифадои зеринро анчом дода бошем:

- Баррасии вазъи фардангу адаби арабй-исломй дар замони Носири Хусрав.

- Таъйини заминахои ичтимоии унсурхои фарханги арабй-исломй дар шеъри Носири Хусрав.

- Тахлили истикболи оёту аходис дар касоиди Носири Хусрав.

- Тадкики истикболи мазмуни амсолу ашъори арабй.

- Баррасии истидболи образдои шеърй.

- Тадлили истикболи унсурдои шаклии назми араб дар ашъори Носири Хусрав.

- Тадкики мухтассоти истикболи вазн ва кофия.

Зимни тадкики вазифадои дар рисола ба миён гузошташуда мо саъй намудем, ки ба масъаладои муталлик ба мавзуъ аз руи шадодати маводи илмиву адабй ва далелдои вокей бадо бидидем ва аз дидгоди мафкураву маздабдо ва эхсосоту орои субъективй ба баррасии масоил напардозем ва таъсироти поэтикаи шеъри арабро ба дасоиди Носири Хусрав чунонки даст, бе ифроту муболига ва аз руи хаки кату вокеият нишон дидем. Аз ин хотир дар рисола бештар аз у сули таддики мукоисавй -таърихй ва принсипи назари объективй ба маводи илмиву адабй ва таърихй, ки дар тачрибаи илми адабиётшиносй ва шаркшиносй роич аст, истифода намудем.

Дар кори дастрас намудани маводи адабй ва ахбори илмиву таърихй аз ашъори шуарои араб ва форсигуён ба маъхаздои адабй-таърихй аз кабили «Ятимату-д-дахр»-и Саъолибй, «Зайну-л-ахбор»-и Гардезй, «Ал-федрист»-и Ибн ан-Надим, «Китобу-л-агонй»-и Абулфарачи Исфадонй, «Ч,амдарату-л-амсол»-и Абухилоли Аскарй, «Тарчумону-л-балога»-и Родуёнй, «Х,адоику-с-сехр»-и Рашидаддини Ватвот, «Лубобу-л-албоб»-и Мудаммад Авфии Бухорой ва соири ондо ручуъ намудаем.

Ба сифати маводи адабии ин китоб нашрдои гуногуни дар Эрон, Афгонистон ва Точикистон анчом ёфтаи девони ашъори Носири Хусрав, девону мачмуадои ашъори Рудакй, Унсури, Фаррухй, Манучедрй ва дигар шоирони адди Сомониёну Еазнавиён, девондои шуарои араб-Х,ассон ибн Собит, Абу Нувос ибн Х,онй, ал-Мутанаббй, ал-Будтурй, Ибн ал-Муътазз ва дигарон хидмат кардаанд.

Бунёди назарй ва методологии тадкики мавзуи рисола бар тадкикоти мусташрикон ва адабиётшиносони содибтачрибаи кишвардои мухталиф аз кабили Крачковский И. Ю., Филъштинский И. М., Кожинов В. В,

Браун Э., Эте Г., Забех,уллох,и Сафо, Махдии Мухаккик, Абдулхусайни Зарринкуб, Мухдммад Шафеии Кадканй, Худой Шарифов ва дигарон асос ёфтааст.

Дар ин рисола бори нахуст саъй карда шудааст, ки омилх,о, заминало ва шаклх,ои таъсири фардангу адаби арабй-исломй дар кдсоиди Носири Хусрав, ки яке аз масъалах,ои мух,ими адабиётшиносии татбик,й ва нишондихандаи равобити адабии арабй-форсй дар асри XI мебошад, дар асоси тадлили маводи фаровони девони шоир ба таври чомеъ ва монографй нишон до да шавад.

Похожие диссертационные работы по специальности «Литература народов стран зарубежья (с указанием конкретной литературы)», 10.01.03 шифр ВАК

Заключение диссертации по теме «Литература народов стран зарубежья (с указанием конкретной литературы)», Сафаров, Лутфулло Абдусаломович

Хулоса

Натичахои таджику баррасии масъалаи таъсири поэтикаи шеъри арабй дар касоиди Носири Хусрав аз он гувохй медихад, ки бар асари омилх,ои ичтимой-сиёсии замони у дар назми ин давра таъсироти унсурхои арабй ва исломй нисбат ба ахди Сомониён ривочи бештаре ёфта, шаклхои мухталифи нуфузи онро аз кабили вуруди алфозу ибороти арабй, истилодоти диниву мазхдбй, амсолу ашъори арабй, оёти куръониву аходиси набавй, кдсасу ахбор ва асотири исломй дар шеъри намояндагони дарборхои подшох1они Еазнавй ва Салчукй, монанди Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Абуллайси Табарй, Лабибй, Базоирй, Муиззй, Носири Хусрав ва дигарон мушохдда мешавад.

Ба таври чомеъ ва мухтасар натичах,ои таъсири фархднгу адаби арабй-исломиро дар шеъри Носири Хусрав ба таври зайл метавон чамъбаст намуд.

1. Дар замони Носири Хусрав тамоми омилх,о барои ривочи забони арабй ва адабиёти арабизабон вучуд доштанд. Ба ин омилх,о метавон сиёсати динй ва мазхдбии подшохони Еазнавй ва Салчукй, муштарак будани сарчашмах,ои арабии иттилооти динй, илмй ва адабй, низоми таълими мадрасахо, ки донистани улуми диниву шаръиву фикхиро бо забони арабй такозо мекард, шомил мешуданд. Ба таъбири дигар, дар замоне, ки Носири Хусрав умр ба cap мебурд, тамоми омилхо ва имконот барои ривочи улуми динй ва ба сабаби он интишори забону адаби арабй фарохам омада буд. Аз ин чо таъсири забон ва фархангу адаби арабй-исломй дар осори шоирону нависандагони форсигуи ин давра ва зух,ури теъдоди зиёди шоирони арабизабон ходисаи тасодуфй набудааст.

2. Маълум мегардад, ки заминахои нуфузи фархднгу адаби арабй-исломй дар ашъори Носири Хусрав сайри таърих ва тахдввули худро дошта он хднуз дар мухити хонавода ва тахсил дар Кубодиёну Балх, зимни ташаккули шахсияти у чун шоир ва дабир, дар чараёни хидмат дар

дарборхои подшохони Еазнавию Салчукй, сафархо ба шахру вилоёти мухталиф фарохам омада, дар чараёни мусофирати хафтсолаи у ба сарзаминхои Осиё ва Афрщо ва алалхусус пас аз огози таблигу таълими мазхаби исмоилии давлати Фотимиёни Миср ба хайси Хуччати чазираи Хуросон такмил ва густариш ёфтааст.

3. Носири Хусрав бо шуарои мутакддцим ва муосири араб мувофики андешаву оро ва равиши эчодии худ, гояву хадафхои диниву мазхабии хеш муносибат намуда, дар аксари мавридхо ба афроде истинод менамояд, ки шахсият ва осорашон бо равиши эчодии вай шабохат ва созгорй доранд. У ба мадехасароён, газалгуён, вассофони чангу низоъхои кабилавй ва пахлавоноии кабилахо ва дигарон, ки бо равиши эчодияш, яъне баёни мавзуоти хикмату андарз, дину Куръон ситоиши Пайгамбари ислом ва ахди байти у муносибате надоранд, иктибос ва истинод намекунад.

4. Масъалаи вучуди мазомини муштараки амсолу ашъори арабй ва образхои бадей дар ашъори шуарои форсигу, аз он чумла дар касоиди Носири Хусрав аз равобити наздики фархангй ва доду гирифти маънавии халкхои Арабу Ачам гувохй медихад ва яке аз сабабхои асосии он муштарак ва ягона будани фархангу адаби халкхои тобеи хилофати араб дар асрхои миёна мебошад. Шоирону нависандагон ва котибони ахди исломй аз амсолу ашъор ва образхои бадеии муштараке истифода мекардаанд, ки онхоро «алфозу-л-китобия» меномидаанд.

5. Хднгоми баррасии мазомини муштараки амсолу ашъори шуарои арабизабон ва Носири Хусрав ду холат мушохида мешавад. Аввалан, дар абёту ашъори у, ки худаш ба маъхази истикболи мазмуни истифодашуда ё номи муаллифи он ишора кардааст ва дар ин маврид муайян кардани маъхази истикбол ё тазмини он осон аст. Сониян, дар баъзе мавридхо дар мазмуни истикболнамудаи Носири Хусрав ишорае ба номи шоири араб ва маъхази истикболи мазмун вучуд надорад. Дар ин маврид факат бо хадсу тахмин гуфтан мумкин аст, ки дар шеъри шоири точик истикбол ё ишорае ба мазмуни байти ин ё он шоири араб

вучуд дорад. Хдтто дар аксари мавридхо бо катъият наметавон казоват кард, ки шоири тодик мазмуни ин ё он масали муайян ё байти шоири мушаххасро истикбол намуда бошад. Дар чунин холатхо таворуди фикр байни ду шоир хам буда метавонад ё Носири Хусрав метавонад, аз маъхазе истифода карда бошад, ки мазмуни шеъру масали арабй аз он истикбол шудааст.

6. Мазомини муштарак ва образхои шеърие, ки дар ашъори Носири Хусрав ба мушохида мерасанд, дастоварди умумй, захираи суннатии конуниятёфтае буданд, ки шоир ногузир буд ва наметавонист онхоро истифода нанамояд, зеро дар даврони исломии тахаввули шеъри форсй алфозу истилохот, амсолу ашъор, системаи образхо ва дигар чанбахои поэтикар! суннатй характери ом дошта, миёни шоирони араб ва форсу тодик муштарак буданд ва Носири Хусрав хам аз ин суннат бегона набудааст.

7. Дар ашъори Носири Хусрав истикболи мазмуни оёту аходис чун унсури поэтикаи араб хеч ба хотири баёни мазмунхои мадху хачву мутоиба, лаззат бурдан аз манзарахои табиат ва хониши паррандагон, васфи иищу бодагусорй, маъшукони зебою васлу хичрони дрщдодагон, шиква аз ниёзмандихои модцй, масоили ирфону тасаввуф истикбол нагардидааст. У аз ин василаи маънисозй ба хотири баёни андешахои таргибй ва таълимии мазхаби исмоилия, ахлоку сирати Пайгамбари ислом, ахди байти у, алалхусус Алй ва Фотима ва фарзандони онхо, паёмбарону сахобагон, масъалахои хикмати амалй, аз кдбили илму акл, одамият ва чавонмардй, саховату олихимматй, сабру бурдборй, мазаммати дунё, хирсу оз, шукри неъмати илохй, рози чахони гузарон ва макоми инсон дар он ва амсоли онхо истикбол намудааст.

8. Тарзи истикболи Носири Хусрав аз ахбору асотир ва касасу ривоёти исломй аз ашъори мадехасароёни муосири у тафовути куллй дорад. У аз мояхои талмехй ва тамсилоту ташбехоти талмехй ва дигар аносири ривоии арабй-исломй чун васила ва силохи интикод аз амирони госибу золим, уламову факехони чохилу гумрох ва мутассиб, ё ба

таъбири худи у «динфурушу кадоин» истифода намудааст ва шеърро чун воситаи тахзиби ахлок, таълиму таргиб ва хидояти мардум ба суи хакдщат ва дини хак ва шиносонидану омузонидани заминахои фалсафй ва ахлокди мазхаби исмоилия карор додаст. Чдсорат ва устувории иродату акоид ба Носири Хусрав имкон додаст, ки аз унсурхои касасй ва ривоии арабй-исломй, ки дар касоиди мадехасароён махз ба хотири мадху санои мамдух истикбол карда мешуд, барои исботи хакконияти мазхаби исмоилия ва баёни таълимоти фалсафиву ахлокии он истифода намояд ва ба ин васила бунёдгузори вокеии шеъри мазхабии исмоилия дар адабиёти форсу тодик гардад.

9. Носири Хусрав аз колаби арабии касида оламе дигар бо ибдооти тоза ба вудуд овардааст ва касоиди у аз ашъори дар ин колаби шеърй навиштаи дигар касидасароёни муосири вай тафовути куллй дорад. К,абл аз хама дар касоиди у мавзуи мадх, ки аз мавзуоти зотии касидаи арабй буд, куллан вудуд надорад ва якчанд касидаи мадхй дар бораи Мустансир Биллох ва ахли байти хонадони Пайгамбари ислом, ки дар девони у мушохида мешаванд, орй аз хирсу тамаъ ва талаби инъому атохо аз мамдух аст ва бо хулуси нияту аз руи ихлосу эхтиром ба мамдух эдод шудааст. Кдсоиди Носири Хусрав аз мадехахои муосирони вай бо он хам фарк мекунанд, ки дар кисмати огози онхо тагаззул, яъне васфи ишку ошикд куллан вудуд надорад. Ташбиб ва насиби касоиди у аз васфи маю майгусорй ва айшу комронй орй мебошад.

Носири Хусрав барои баёни матолиби таълиму таргиби мазхабй ахлокй ва фалсафиву каломии худ колаби касидаро, ки аслан арабист, истикбол намуда, дар он сабку равиши тозае ворид намуд. Аввалан, дар шаклу сохтори касоиди у адзои суннатии касида-тагаззул, мадх ва талаб, ки аз зотиёти сохтории ин колаби шеъри арабй ва форсй буданд аз миён бардошта шуд. Сониян, ба туфайли равиши хоси Носири Хусрав дар истикболи колаби касида касидасарой аз данголи мадху маддохй, васфи базму бодагусорихои шохон ва ситоиши айшу комронй рахой ёфта, ба

хидмати баёни мазомини ахлодиву мавъизати ва фалсафиву мазхаби камар бает.

10. Тахдики авзони арузии касоиди Носири Хусрав ба хулосае меорад, ки у баъзе вазнх,ои роиди арабиро дар шеъри худ истидбол намудааст. Аз думла, яке аз авзони арузи арабй, ки дар форей чандон хушоянд нест ва камтар дида мешавад, шакли солими бах,ри Мутакориб-Мутадориби мусаммани солии (фауълун, фаъулун, фаъулун, фаъулун -ду бор дар як байт) ает. Дар шеъри форей шакли мусаммани махзуф ё мадсури бадри мутакориб роид буда зих,офоти он: фаъулун, фаъулун, фаъулун, фаъал ё фаъул - ду бор дар як байт) мебошад ва «Шоднома»-и Фирдавсй ва аглаби достонхои баъд аз у бо хдмин вазн эдод гардидаанд.

Дар ашъори Носири Хусрав авзони муштараки шеъри арабй ва форей, ки аз лихози охднгу мусикй чандон хушоянд нестанд ва дар шеъри форей камистеъмоланд, бештар мавриди истифода дарор гирифтаанл. Далели ин фикр истифодаи авзони дариби мусаддаси ахраби макфуф ё мусаббаг (10 маротиба), мутакориби мусаммани солим (15 маротиба), мудтасси мусаммани махбуни аслами махзуф ё мусаббаг (7 маротиба), хафифи мусадаси аслам (3 маротиба), музореи мусаммани ахраби макфуфи махдуф (6 маротиба) ва амсоли онхо мебошад.

11. Дар системаи кофиясозии касоиди Носири Хусрав асосан аз алфози содаву кутохд тодикй аз дабили «дазро-барно», «дахонро-аёнро», «дигар-магар», «сароб-шитоб», «талаб-лак;аб», «хост-рост», «бингарист-эдарист», «соат-тоат», «бекор-девор», «рафтан-маскан», «дирам-ситам» «позанд-чанд», «гузид-вазид», «мурдод-бунёд», «баланд-наванд», «кадир-кабир», «ангур-маншур» ва монанди онхо истифода гардиданд.

Дар байни 100 касидаи Носири Хусрав, ки аз лихози дофиясозй барраей гардидааст, 80 касида дорой дофияи мудайяд ва 20 кдеида дорой кофияи мутлак мебошад. Дар 51 касида харфи ридф мушохида мешавад. Аз дих,ати микдори хдрфдо ва панд навъи кофия, ки дар китобхои назарияи кофиясозй муайян шудааст, бештар чахор навъи он -мутарокиб, мутадорик, мутаворир ва мутародиф дар касоиди Носири

Хусрав ба назар мерасад. Дар системам кофиясозии Носири Хусрав хдр ду навъи кофияи пурбадо - мукайяд ва мутлак мавкеи истифода дорад, вале кофияи мукайяд 60 фоизи кофияхои касоиди уро ташкил медихдд.

12. Носир Хусрав дар кофиясозии касоиди худ асосан ба кавоиди роиди назми арабй ва форсй такя карда, кофиядое сохтааст, ки кабл аз у ва дар замони вай дар шеъри шоирони Арабу Адам маъмул ва мустаъмал будаанд. Дар баробари ин дар баъзе касоиди шоир тарзи кофиясозие мушохдда мешавад, ки танх,о хоси назми арабй буда, дар ашъори форсй х,одисаи нодир дисоб меёбад. Ин тарзи кофиясозй аз як мисраъ ба мисраи дигар гузаронидани дидои калима аст, ки дар якчанд касидаи шоир ба назар мерасад. Ин навъи кофиясозиро тазмин ё музамман ё мударрад номидаанд.

13. Маълум мегардад, ки мавкеи радиф дар ашъори Носири Хусрав зиёд набуда, аз мадмуи 299 касидаи девони у танх,о дар худуди 60-70 касида радиф дорад. Кдсоиди дигари шоир на радиф, балки харфи ридф доранд, ки хоси шеъри арабй буда, дар замони у низ дар ашъори шоирон маъмул будааст.

14. Истикболи густарда ва фаровони Носири Хусрав аз унсурхои поэтикаи назми арабй ва дастоварддои фарданги арабй-исломй далели иттлооти комили вай аз забону адабиёти араб, улуми шаръиву адабии арабй ва баёнгари муштарак будани иттилооти илмй ва адабй дар замони у махсуб мегардад.

Список литературы диссертационного исследования кандидат наук Сафаров, Лутфулло Абдусаломович, 2013 год

1. Абитаййиб ал-Мутанабби. Девон. Ваззаъаду Абдуррахмон ал-Баркукй. - Бейрут, 1966.

2. Ал-Аскарй Абуахмад. Фи-т-тафзил байна балогатаййи-л-Араб ва -л-Адам. - ал-Кустантия, 1312 х,.

3. Ал-Куръону-л-карим. Бо тардума ва шархи мархум Оятуллох Шайх Мах,муди Ёсирй. Бо таддиди назар ва ислохоти Оятуллох, Х,од око Махдии Х,оирй. - Тех,рон, 1415 х,.

4. Ар-риеола ал-Хртамия. Таълиф Абуалй ал-Багдодй ал-Х,отамй. -Бейрут, 1931.

5. Аигьори хдмасрони Рудакй. Тадияи матн ва луготу тавзедот аз Худой Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. - Душанбе, 2007. - 480 с.

6. Бохарзй, Думят ал-каср ва усрат ахда-л-аср. Тахкик Абдулфаттох М. Ал-дузъ ае-еонй. - ал-К^ох,ира, 1971. - 379 с.

7. Ватвот Рашид ад-дин. Сады волшебства в тонкостях поэзии. (Хадаик-ас-сихр фи дакаик аш-ши'р). Перев. с. персидск. исследование и комментарий Н. Ю. Чалисовой. - М., 1985. - 324 с.

8. Девон Аби Нувос. Дор Бейрут ли-т-тибоъа ва-н-нашр. - Бейрут, 1962.

9. Девон Чдрир. Дор Бейрут ли-т-тибоъа ва-н-нашр. - Бейрут, 1964. Ю.Девони Носири Хусрав. Хдким Носир ибни Хусрав ибни Х,орис

ал-Кубодиёнй-ал-Балхй ал-Марвазй. Танзим ва намунахонй ва назорати Чдхонгир Мансур. - Техрон, 1375 х. - 542 с.

11.3айну-л-ахбор. Таълифи Абусаид Абдулдай ибни Захдок ибни Махмуд и Гардезй. Бо мукадимаи Мирзо Мухаммадхони Кдзвинй. -Тех,рон, 1372 д.

12.Китобу-л-кофй фи-л-аруз ва-л-кавофй. Ли-л-Хатиб ат-Табризй. Шарх, ва таълик Мухамамад Адмад К^осим. - Сайдо-Бейрут, 2003 - 174 с.

13.Манучех,рии Домгонй. Девон. Бо хавошй ва таъликоту тарочими ахвол ва фахорису лугатнома ва мукобалаи бист нусхаи хаттии чопй ба кушиши Мухдмад Дабири Сиёкй. - Техрон, 1335 д.

Н.Мухтасар фи-л-аруз. Ли-л-Имом ас-Согонй. - Бейрут - Лубнон, 1990-94 с.

15.Насирудцини Туей. Меъёру-л-ашъор. Тах,ияи Урватуллои Тоир ва дигарон. - Душанбе, 1992. - 152 с.

16.Низомии Арузии Самаркандй. Чахор макола. Тибки нусхаи Мухдммади Кдзвинй. Чопи савум. - Техрон. 1344 х,.

17.Носири Хусрав. Девони ашъор. Ч,. 1. Мураттибон ва тахиягарони матн Амрияздон Алимардонов ва Нурмухдммад Амиршохй. - Душанбе, 2009. - 640 с.

18.Носири Хусрав. Девони ашъор. Рушноинома ва Саодатнома. Ч. 2. Мураттибон ва тахдягарони матн Амрияздон Алимардонов ва Нурмудаммад Амиршохй. - Душанбе, 2009. - 648 с.

19.Носири Хусрав. Зоду-л-мусофирин. Бо мукдддимаи Мудаммад Базлуррахмон. -Техрон, 1960. - 518 с.

20.Носири Хусрав. Куллиёт. Дар се дилд. - Душанбе, 2003. Ч,. 1. -955с. Ч;. 2. - 944 с. Ч,. 3. - 353 с.

21.Носири Хусрав. Куллиёт. Ч,. 1. Тахия ва тадоруки А. Девонакулов ва дигарон. - Душанбе, 1991 - 636 с.

22.Носири Хусрав. Сафарнома. - Душанбе, 1970. - 118 с.

23.НосириХусрав. Девони ашъор. Шархи холи Носири Хусрав ба калами Сайид Хдсани Такизода. Ба эхтимом ва тасхехи доктор Мудтабо Минавй ва таъликоти Алиакбари Деххудо. Чопи савум. - Техрон, 1372 х. - 692 с.

24. Сайид Ахмад ал-Х,ошимй. Мизону-з-захаб фи синоати шеъри-л-араб. - Бейрут - Лубнон., 1973. - 153 с.

25.Унсурии Балхй. Девон. Ба кушиши Мухаммад Дабири Сиёкй. -Техрон. 1335 х-

26.Фаррухии Систони. Девон. Ба кушиши Мухаммад Дабири Сиёкй. - Тедрон, 1335 х,.

27.Ходжа Алтаф Хусейн Холи. Поэтика. Перев. с. урду Ш. Пулатовой. - Душанбе, 1989. - 244 с.

28.Х,ассон ибн Собит ал-Ансорй. Девон. Дор Бейрут ли-т-тибоъа ва-н-нашр. - Бейрут, 1966.

29.Шамси Кдйси Розй. Ал-Муъдам. Муаллифи сарсухану тавзех,от ва хозиркунандаи чоп Урватулло Тоиров. - Душанбе, 1991. - 464 с.

ЗО.Чдмолидцин Абулфазл Мухаммади Курашй (машхур ба Чдмоли Курашй). Урозату-л-арузайн. Ба кушиши Мух,син Зокир ал-Х,усайнй. -Техрон, 1382 д. - 55 с.

ЗКШамсиддин Мухаммад ибни Кдйси Розй. Ал-Муъдам фи маъойири ашъори-л-Адам. Ба тасхехи Мухаммад Абдулвахдоби Кдзвинй. - Тедрон, 1338 х,.

32.Шах,ристани. Книга о религиях и сектах. Ч^. 1. Ислам. Перев. с. арабского, введение и комментарий С. М. Прозорова. - М., 1984.

II

33.Абдукддир Маниёзов, Худой Шарифов. Хдкими суханвар. (Бахшида ба хазораи зодрузи Носири Хусрав. - Душанбе, 203. - 234 с.

34.Абдуллоев А. Адабиёти форсу тодик дар нимаи авали асри XI -Душанбе, 1979.-286 с.

35.Абдуллоев. И. Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X - начала XI в. - Ташкент, 1984. - 294 с.

36.Абдулмунъим Мухдммад Нуриддин. Таъсири забон ва адабиёти араб дар ашъори Манучехрй. // Мадаллаи Ориёно, - Кобул, давраи бисту чадорум, 1345 х- Шумораи 25.

37.Абдушукур Абдусатторов. Таъсири адабиёти араб ба шеъри асри XI форс-тодик (ахди Еазнавиёни аввал). Рисола барои дарёфти дарадаи илмии доктори илмхои филологи. - Душанбе, 2002. - 336 с.

38.Абдушукури Абдусаттор. Арабият ва адабиёти ахди Еазнавиён. -Душанбе, 2001.-220 с.

39.Абдушукури Абдусаттор. Таърихи адабиёти араб. Китоби аввал. Аз ахди нох,илият то замони Умавиён. - Душанбе, 2008. - 245 с.

40.Абдушукури Абдусаттор. Таърихи адабиёти араб. Китоби дуюм. Адабиёти ахди Аббосиён. - Душанбе, 2009. - 256 с.

41.Адам Мец. Мусульманский ренессанс. (Перев. с. немецк. А. Е. Бертельса. - М., 1984. - 731 с.

42.Азиз Исмоил. Заминаи исломии шоиронагии тачрибаи динй. Тарчумаи Дарвеши Ошуро. - Техрон, 2000. - 92 с.

43.Алй Шоббй. Ал-адабу-л-форсй фи асри-л-Еазнавй. Тунис, 1965 м.

44.Ал-Фахури Ханна. История арабской литературы. В 2-х томах. Перев. с. арабск. - М., Т. 1. - 1959 - 368 е., Т2. - 1961 - 483 с.

45.Амсоли Куръон. - Таълифи Алиастари Хдкмат. Чоии дувум. -Техрон, 1361 д.

46.Арабзода Нозир. Мир идей и размышлений Насира Хусрава. Душанбе, 2003. - 263 с.

47.Арабская средевековая культура и литература. (Сборник статей зарубежных ученых. - М., 1978. - 216.

48.Ар-Ромй Мустафо Содик. Таъриху-л-адаби-л-араб. Ч- 1- - ал-Крхдра. - 1940 м.

49.Ашуров Е. А. Философские взгляды Носира Хусрава. - Душанбе, 1965.- 113 с.

50.Бадеуззамон Фурузонфар. Ах,одиси маснавй. - Техрон, 1334 х.

51.Бадеуззамон Фурузонфар. Мазомини муштарак дар арабй ва форсй ё тарчумаи шеър ба шеър. // Мачаллаи Донишкадаи адабиёти Машхдд. Шумораи 2 ва 3, соли савум. Шумораи мусалсали 10-11. Тобистон ва пойизи соли 1346 х,. - с. 207-217.

52.Бах,ор Мухдммадтакй. Сабкшиносй ё таърихи татаввури насри форсй. - Техрон, 1959. Ч,. 2. - 432 с.

53.Бахтин М. М. Вопросы литературы и эстетики. - М. - 1975. - 502

с.

54.Беляев Е. А. Арабы, ислам и арабский халифат в раннее средневековье. - М., 1965 - 280 с.

55.Беляев Е. А. Мусульманское сектанство. Исторические очерки. -М., 1957.-99 с.

56.Бертелс А. Е. Носири Хусрав ва исмоилиён. - Техрон, 1968. - 323

с.

57.Бертелс Е. Э. Избранные труды История персидско - таджикской литературы. - М., 1960. - 556 с.

58.Бертелс Е. Э. История летратуры и культуры Ирана. - М., 1988. -558 с.

59.Бертельс Е. Э. Носири Хисроу и его взгляды на поэзию. // Известия АН Таджикский ССР. ООН. - 1953, № 4. - с. 139-153.

60.Бобоев А. Мавзуъ ва сабки ашъори Манучедрии Домгонй. -Душанбе, 1974. - 186 с.

61.Брагинский И. С. 12 миниатюр. От Рудаки до Джами. - М., 1976. - 302 с.

62.Брагинский И. С. Из истории персидской и таджикской литературы. - М., 1972. - 524 с.

63.Браун Эдвард. Таърихи адабиёт дар Эрон. Аз Фирдавсй то Саъдй. Тарчумаи Фатхуллох, Мучтабой - Техрон, 1373 д. Я 1. - 464 с. 2. - 326 с.

64.Бузургзода Л. Искатель правды и справедливости Носири Хисрау. Избранное. - Сталинибод, 1949. - с. 5-14.

65.Вулкер Паул Е., Х,амидадцин Кирмонй. Тафаккури исмоилия дар давраи ал-Х,оким Биамриллод Тарчумаи Фаридуни Бадрай. - Техрон, 2001.- 186 с.

66.Еафарова У. А. Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама. - Худжанд, 1995. - 132 с.

67.Еафуров Б. Тодикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асрх,ои миёна. - Душанбе, 1983-1985. Я 1. - 1983 - 704 с. Ч,. 2. - 1985. - 416 с.

68.Григорян С. Н. Средневековая философия народов Ближнего и Среднего востока. - М., 1966. - 352 с.

69.Грюнебаум Е. Э. Классический ислам. - М., 1988. - 215 с.

70.Еузидаи ашъори Носири Хусрав. Интихоб ва тархи доктор Чдъфари Шиор. - Техрон, 1370 - 230+40 с.

71.Еуревич А. Я. Категория средевековой культуры. - М., 1984. - 350

с.

72.Дафтарй Фарх,од. Таърих ва акоиди исмоилия Тардумаи доктор Фаридуни Бадрай. - Техрон, 1375 х,. - 947 с.

73.Дех,худо Алиакбар. Лугатнома. -Тедрон, 1952. -Ч,. 10.

74.Дедхудо Алиакбар. Лугатнома. - Техрон, 1961. - Ч,. 38.

75.Дех,худо Алиакбар. Лугатнома. - Техрон, 1983. - Ч^. 80.

76.Додихудоев X. Мазхдби исмоилия ва мох,ияти идтимоии он. -Душанбе, 1967.-48 с.

77.Доктор Еуломхусайни Юсуфй. Фаррухии Систонй. Бахсе дар шарди ахвол ва рузгору шеъри у. - Техрон, 1341 д.

78.Доктор Мухаммадризо Шафеии Кадканй. Мусикии шеър. -Тедрон, 1384 х- -686 с.

79.Донои Юмгон. - Кобул, 1988. - 331 с.

80.Жирмунский В. М. Сравнительное литературоведение. - Л., 1979. - 494 с.

81.Жирмунский В. М. Теория стиха. - Л., 1975. - 664 с. 82.3айнулобидини Муътаман. Тахаввули шеъри форсй. - Техрон,

1339 д.

83.3айнулобидини Муътаман. Шеър ва адаби форсй. - Техрон, 1332

Х-

84.3анд М. И. Шесть веков славы. Очерки персидско-таджикский литературы. - М.. 1964. - 252 с.

85.3арринкуб Абдулхусайн. Носири Хусрав - овораи Юмгон. // А. Зарринкуб. Бо корвони хулла. Мадмуаи накди адабй. - Техрон, 1370 х,. — с. 85-101.

86.3ех,нй Т. Санъати сухан (Нашри дуюм). - Душанбе, 1992. - 304 с.

87.Ибн Рашик. Ал-умда фи синоати-ш-шеъри ва накдихи. Ч,. 1-2. -Крхира, 1908.

88.Игнатенко А. А. В поисках счастья. Общественно-политические воззрения арабо-исламских философов среднековья. - М., 1989. - 255 с.

89.Кадканй Мухаммадризо Шафеъй. Сувари хаёл дар шеъри форсй. Чопи шашум. - Техрон, 1375 х- - 732 с.

90.Кожинов В. В. К проблеме литературных родов и жанров. // Теория литературы. - М., 1964. - с. 173-237.

91.Корбэн Анри. Таърихи фалсафаи исломй. Тардумаи Ч,авод Таботабой. - Техрон, 1373 х- - 513 с.

92.Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. II - М., 1956. - 702

с.

93.Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. IV. - М.-Л., 1957. -919 с.

94.Куделина А. Б. Средневековая арабская поэтика. (Вторая половина УШ-Х1 век) - М., 1983 - 260 с.

95.Лихачев Д. С. Человек в литературе Древней Руси. 2-ое изд. - М., 1970.- 180 с.

96.Мазомини муштарак дар адаби форсй ва арабй. Таълифи доктор Сайид Мухаммади Домодй. - Техрон, 371 х- - 433 с.

97.Манучехри Оташй. Носири Хусрав -саргаштаи чахон ва табъидии Юмгон - Техрон, 1386 х- - 304 с.

98.Мардонй Т. Н. Рудакй ва адабиёти араб. // Садои шарк-, 1996. - № 9-с. 131-135.

99.Мардонов Т. Н. Арабско-таджикское двуязыкие в поэзии 1Х-Х вв. -Душанбе, 1993.- 166 с.

100. Массэ А. Ислам. - М., 1963. - 255 с.

101. Минавй Мудтабо. Накди дол. Умри дубора. Мадмуаи гуфтордо ва навиштадои Мудтабо Минавй. Ч,илди дувум, чопи савум. -Тедрон, 1376 д. - 550 с.

102. Мирзоев А. Абуабдуллод Рудакй, Сталинобод, 1958. (Бо хатти арабиасос). - 437 с.

103. Мирзозода X. Таърихи адабиёти то дик (Аз давраи дадим то асри XIII Китоби I (II). - Душанбе, 1989. - 421 с.

104. Мукрй Мудаммад. Андарзи Хусрави Кубодиёнй. - Тедрон, 1988-64 с.

105. Муллоадмадов М. Фаррухии Систонй. - Душанбе, 1978. - 143

с.

106. Мурадова Т. Философия Носира Хусрава (на основе «Джамеъ-ул-хикматайн») - Душанбе, 1994. - 88 с.

107. Муродова Т. Румузи олам дар фалсафаи Носири Хусрав. // Ахбороти АФ. РСС Тодикистон. Бахши илмхои дамъиятй. - 1981. - № 2. -с. 69-73.

108. Мусулмониён Р. Пораи Самарканд. Бозшинохти хаким Носири Хусрави Кубодиёнй ба роднамоии осораш. - Тедрон, 2000. - 189 с.

109. Мудаккик Маддй. Шарди си касида аз даким Носири Хусрави Кубодиёнй. - Тедрон, 1380 д. - 278 с.

110. Мудаммад Чдфъари Маддуб. Сабки Хуросонй дар шеъри форсй. - Тедрон. 1345 д.

111. Насируддини Туей. Меъёру-л-ашъор. Тадияи Урватуллои Тоир ва дигарон. - Душанбе, 1992. - 152 с.

112. Насруллод Пури Чдводй. Иблиси дуру. // Мадаллаи «Маориф», шумораи аввал. Фарвардин - Тир, 1364 д.

113. Нафисй Сайд. Адвол ва ашъори Абуабдуллод Чаъфар Мудаммад Рудакии Самаркандй. Ч;. 3. - Тедрон, 1349. с. 789-1480.

114. Низомидцин Зодидов. Адабиёти арабизабони форсу то дик аз истилои араб то адди Сомониён. - Худанд, 1999. - 146 с.

115. Низомиддин 3 охи до в. Насри арабизабони адабиёти форсу тодик дар асрдои VIII-IX. - Худанд, 2004. - 402 с.

116. Никитина В. Б. Некоторые особенности лирики Носира Хусрава. АДК. - М., 1955. - 644 с.

117. Николсон Ринолд. Таърих адаби-л-аббоси. - Багдод, 1965.

118. Нилоби Рахимй. Нигох,е ба «Сафарнома» ва тардумаи доли баъзе аз ашхосе, ки Носир ононро мулокот кардааст. // Мадаллаи «Х,уддат», соли 2, шумораи 2. - Кобул, 1370 д.

119. Нозир Арабзода. Чдх,они андешаи Носири Хусрав. Душанбе, 2003. 258 с.

120. Носири Хусрав - лаъли Бадахшон. Таълифи Алисе Хднсбергер. Тардумаи доктор Фаридуни Бадрай. Тахияи матни тодикй аз Ноёбшои Зуробек. - Душане, 2003. - 327 с.

121. Пригарина М. И. Поэтика творчества Мухаммад Икбола. -М., 1978.-231 с.

122. Рах,монов Мадислом. Кдсидаи хикматию ирфонй дар адабиёти форсу тодик (асрх,ои X-XV). - Душанбе, 2002. - 213 с.

123. Рейснер М. J1. Эволюция классической газели на фарси. (XXV вв.) - М., 1989.-221 с.

124. Сайид Абдулхдмид Хдйрати Саддодй. Гузидае аз таъсири Куръон бар назми форсй. - Тех,рон, 1377 х,.

125. Сайфи Озод Абдуррах,мон. Таърихи хулафои фотимй. -Тедрон, 1963.-242 с.

126. Сафо Забедуллод. Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар каламрави забони форсй. - Техрон, 1998. Ч,.2.-1128 с.

127. Семенов А. А. К. биографии Носири Хосрова. // Бюл. 1-го САГУ. - 1924. - № 3 - с. 64-66.

128. Семенов А. А. Насири Хосров о мире духовном и материальном. // Сборник Туркестанского восточного института в честь профессора А. Э. Шмидта. - Ташкент, 1923. - с. 124-133.

129. Семенов А. А. Противоречия в учении о переселении душ у памирских исмаилитов и у Насири Хосрова. // Бюл. САГУ. - 1925. - Вып. 9.-с. 103-118.

130. Сируси Шамисо. Анвои адабй. - Техрон, 1370 д.

131. Сируси Шамсо. Фарханги талмедот. Ишороти асотирй, достонй, таърихй, мазхабй дар адабиёти форсй. - Техрон, 1373 х,.

132. Строева Л. В. Государство исмаилитов в Иране в Х1-ХШ вв. -М., 1978-284 с.

133. Тагирджанов А. Т. Рудаки. Жизнь и творчество. История изучения. - Л.: ЛГУ, 1968. - 337 с.

134. Таджиддин Мардони. Мас'уд Са'д Салман и арабская поэзия. - Душанбе, 2006. - 74 с.

135. Таджиддин Мардони. Носир Хусрав и арабоязычная культура. - Душанбе, 2005. - 143 с.

136. Таджиддин Мардони. Арабско-таджикские литературные связи. История и современность. (Сборник статей). - Душанбе, 2006. 400 с.

137. Такди Пурномдориён. Достонй паёмбарон дар куллиёти Шамс. Шарх,у тафсири ирфонии достонхо дар газалх,ои Мавлавй. -Техрон, 1369 х,.

138. Тахдили ашъори Носири Хусрав Ба инзимоми панд пайваст. Таълифи Махдии Мудащдкщ, устоди Донишгоди Техрон. - Техрон, 163 х- 400 с.

139. Тарзй Абдулваххоб Махмуд. Носири Хусрави Балхй. -Кобул, 1988.- 152 с.

140. Тасвире аз Носири Хусрав. Таълифи Алии Даштй. Ба кушиши доктор Махдии Модузй, устоди Донишгох. - Техрон, 1379 х- -353 с.

141. Таърихи адабиёти араб. Таълифи Абдулдалил Ч. М. Тардума аз фаронсавй. Озарнуш О. - Техрон, 1382 х- - 339 с.

142. Таърихи адабиёти забони арабй. Таълифи Хднно ал-Фохурй. Тарчумаи Абдулмухаммади Оятй. - Техрон, 1363 х,.

143. Таърихи адабиёти Эрон. Муаллифои Ян Рипка, Отакар Клима, Иржи Бечка. Тарчумаи Кайхусрави Кишоварзй. - Техрон, 1370 х,. -663 с.

144. Таърихи адабиёти Эрон. Таълифи доктор Ризозода Шафак. -Техрон, 1369 х. -423 с.

145. Таърихи фарханги арабй ба забони форсй. Таълифи Алй Авсати Иброхимй. - Техрон, 1370 х.

146. Таъсири Куръон ва хадис дар адабиёти форсй. Навиштаи доктор Алиасгари Хдлабй. - Техрон, 1371 х- - 310 с.

147. Урватулло Тоиров. Офтобе дар миёне сояе. (Китоби аввал). -Душанбе, 1999. - 164 с.

148. Урватулло Тоиров. Офтобе дар миёни сояе (Китоби сонй). -Душанбе, 1999,- 134 с.

149. Фаррух Умар. Таърих ал-адаб ал-арабй. ал-Асру л-Аббасия, Фи арабъа мучалладот. - Бейрут, 1980.

150. Фаррух Умар. Абу Нувос. - Бейрут, 1946.

151. Фильштинский И. М. Арабская классическая литература. -М., 1965-312 с.

152. Фильштинский И. М. История арабской литературы. V -начало X века. - М., 1985. 524 с.

153. Фильштинский И. М., Шидфар Б. Я. Очерк арабо-мусульманской культуры. - М., 1971. - 296 с.

154. Фируз Шерзамон. Фалсафаи ахлокии Носири Хусрав ва решахои он. - Исломобод, 1992. - 360 с.

155. Фролова Е. А. Проблемы веры и знания в арабской философии. - М., 1983. - 168 с.

156. Худой Шарифов, Урватулло Тоиров. Назмшиносй. -Душанбе, 2005.-384 с.

157. Х,алимов С. Акидах,ои панду ахлоки дар эдодиёти Носири Хусрав. // Масъаладои филология ва робитаи адабй. - Самарканд, 1997. -с. 12-17.

158. Хрким Кдландаров. Рудакй ва исмоилия. - Душанбе, 2012. -236 с.

159. Х,орн Павел. Эрон баъд аз ислом. Тардумаи Аббос Халил. -Техрон, 1335 х,.

160. Х,усайни Размду. Анвои адабй ва оеори он дар забони форей. -Техрон, 1370 х,.

161. Х,усайни Факедй. Баррасии нуфузи абёт ва ибороти арабй дар мутуни адабй форей. // Мадаллаи илмй-пажух,ишии улуми инсонй. Соли пандум, шумораи 15-16. - с. 2.-17.

162. Чдлолиддин Хумой. Таърихи адабиёти Эрон. Муштамил бар таърихи адабиёти Эрон аз азминаи кадимаи таърихй то дам лай мугул. -Техрон, 1341 х,. - 581 с.

163. Шарифов X. Ислом ва адабиёти форей. // Шоир ва шеър. Мадмуаи маколах,о. - Душанбе, 1999. - с. 3-22.

164. Шархи бузурги девони Носири Хусрав. Таълифи доктор Махдии Мухаккик. - Техрон, 1388 х- - 628 с.

165. Шиблии Нуъмонй. Шеъру-л-Адам. Ч,. 1-2. Чопи савум. -Техрон, 1348 х,.

166. Шидфар Б. Я. Абу-ль-Аля аль-Маарри. - М., 1985. - 214 с.

167. Шидфар Б. Я. Образная система арабской классической литературы. (VI-XII вв.). М., 1974. - 253 с.

168. Шохуморов А. Концепция познания Носира Хусрава. АДК. -Душанбе, 1990. - 19 с.

169. Эдельман А. Шоир, мутафаккир сайёх ва ходими бузурги дамъиятии тодик дар асри XI Носири Хусрав. // Мактаби совета. - 1952. -№ 12-е. 32-44.

170. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тодик. Ч;. 1. - Душанбе, 1988.-544 с.

171. Энциклопедиям адабиёт ва санъати точик. Ч,. 2. - Душанбе, 1989-560 с.

172. Юеуфй Гуломхусайн. Сайре дар офок. «Сафарнома»-и Ноеири Хусрав. // Гуломхусайни Юеуфй. Дидоре бо ахди калам. Дар ду чилд. Ч,илди аввал, чопи дафтум. - Техрон. 1380 х,. - с. 53-86.

173. Clement Huart. Literary arabe - Paris, 1902.

174. Corbin H. Nasir-I Khusrav: Kitab-e jami al-Hikmatain. Le livre réunissant les deux sagtsses. Text persan édité areec une double etude préliminaire... - Tehran, Paris, 1953/

175. Daudpota W. M. The influence of Arabie poetry on the development of Persian poetry. - Bombey, 1934.

176. Iwanow W. Nasir-I Khusraw and ismailism. - Bombey - Leiden,

177. Iwanow W. Stadies in Early Persian ismailism. - Bombey, 1948.

178. Hitti K. H. History of arabs. - Leiden, 1946.

179. Margoliouth D. S. The origins of Arabic poetry. Journal of the Royal Asiatic Society, 1925. / july.

180. Monroe J. Arab Cmposition in pre-islamic poetry. Journal of Arabic literature. - Ltiden, 1972.

181. Reynold A. Nicolsen. A Literary history of Arabs. - London,

Обратите внимание, представленные выше научные тексты размещены для ознакомления и получены посредством распознавания оригинальных текстов диссертаций (OCR). В связи с чем, в них могут содержаться ошибки, связанные с несовершенством алгоритмов распознавания. В PDF файлах диссертаций и авторефератов, которые мы доставляем, подобных ошибок нет.